БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал  ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки дар шароити имрӯза, сохтори ҲХДТ, бахусус масъулияти ҳизбиро мебояд, ки пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк кунанду моҳияти аслии онро ба мардум дуруст расонанд, онҳоро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъол намоянд. Зеро дар ҳар давру замон ҷомеа ниёз ба қувваи пешбаранда дорад, ки маҳз ҳамон қувва дар шароити имрӯза масъулин ва фаъолони ҲХДТ ҳастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg