БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми арзандаи мо сокинон дар рушди диёрамон

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Каленин» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ибрози андешарони намуданд.

Дар ин раванд иштирокдорон роҷеъ ба мавзӯъҳои номбурда фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, иброз доштанд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз равона гардидааст, саҳми муносиби худро хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg