БАЛҶУВОН. Дар бинои муассисаи таълимии № 34-и деҳаи Шағмони ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳия бо сокинони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.Дар вохӯрӣ кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки зимни суҳбат натанҳо масъулин атрофи мавзӯҳои болозикр, ҳамчунин оид ба фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароити хуби хониш, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ҷалби занону духтарон ба ҳунару ҳунармандӣ, монеъа нагардидани падару модар ба касбомӯзии ҷавонон ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба иштирокдорон як қатор маслиҳату пешниҳодҳо доданд.
Зимни баромади хеш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф зикр намуд, ки ҳадафи асосии ҲХДТ ин бунёдкориву созандагӣ ва ба сӯи дурахшон раҳсипор кардани ҳар яки мову шумо мебошад. Мо масъулинро зарур аст, ки фазои иттилотии ҷомеамонро ҳеҷ гоҳ холӣ нагузорем ва тарғибгару ташфиқгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва Пешвои миллат бошем. Инчунин, дар охир қайд гардид, ки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаро зарур аст, ки дар якҷоягӣ дар ҳама ҳолат ёрирасону мададгор ба мардум бошанд.