БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи андешаи миллӣ

"Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост". Эмомалӣ РАҲМОН.

Чун сухан дар бораи нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ меравад, пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки воқеан, ҲХДТ худ ҳизби зодаи даврони Истиқлолият мебошад. Ин ҳизб бо ташаббус ва бар пояи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфт.

Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардад. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.

 ҲХДТ ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида чизе муҳимтар набуд ва имрӯз низ бо назардошти фазои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳатто пойдории минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти миллат ва якпорчагии кишвар низ аз ин арзишҳо вобастагии амиқ доштанду доранд. Ҳизби мо ин арзишҳоро то имрӯз тарғиб карда истодааст. Беҳуда нест, ки шиори ҲХДТ барои солҳои 2015- 2020 “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушду устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум! ” эълон гардидааст. Зеро масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умда ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонанд, бахусус дар шароити имрӯзаи басо мураккаби геополитикӣ.

Дар ин замина муваффақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид созад. Дар маҷмуъ, дар ин давра сохторҳои ҲХДТ, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон дар се самти муҳим фаъолият карда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Самти якум, тавре дар боло қайд гардид, ин ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аз роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ буд. ҲХДТ бо такя ба хиради азалии миллати тоҷик дар ин марҳилаи маргу зиндагӣ комёб гашт, ки ин муваффақияти беназир аст. Айни замон бо назардошти авзои ноороми сиёсии ҷаҳон ва хуруҷи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сохторҳои ҳизбии вилоят сатҳи огоҳии ҷомеаро дар баробари ин хатарҳо баланд бардошта, шиддати таъсири ақидаҳои ифротиро миёни ҷомеа ба тадриҷ аз байн бурда истодаанд. Муваффақияти мо дар ин самт аз он иборат аст, ки бо ташкили аксияву чорабиниҳо, истифодаи васеъ аз васоити ахбори омма, вохӯрии мустақим бо сокинон ва дигар тадбирҳо тавонистем аз ифротӣ шудани ҷомеа ва дубора ба гирдоби нобасомониҳои солҳои навадум афтодани Тоҷикистон пешгирӣ намоем. Самти дуюм, ин ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин росто бо тарғиби таърихи кӯҳан, қадршиносӣ аз шахсиятҳои бузурги миллат, эҳёи суннатҳои аждодӣ ва бедор гаштани ҳисси худшиносии миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Вобаста ба ин бо роҳандозии барномаҳои фарогири сиёсати дохиливу хориҷӣ ва якҷоя бо мардум пурра ва босифат иҷро намудани нақшаҳои худ тавонистем ба бовариву эътимоди халқ сазовор гардем, ки ин орзуи тамоми ҳизбҳои сиёсист. Самти сеюм, ин сафарбар намудани нерӯи бузурги халқи меҳнатқарини тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккул додани тафаккуру завқи баланди созандагӣ ба ҳисоб мерафт. Рушди рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он ҷумла Хатлон гувоҳи муваффақият дар ин самт аст. Дар ин миён аз самтҳои соҳавӣ низ метавон ном бурд, ки дастовардҳои ҲХДТ дар ин ҷода беназиранд ва тафсилоти он шоистаи барномаи ҷудогона мебошад.

Дар маҷмуъ, ҳар се омил ба суботи сиёсӣ, рушди андешаи миллӣ ва созандагиву ободонии Ватан мусоидат намуда, ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузоштанд.

Дар воқеъ, “Истиқлолият ин хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сохторҳои ҲХДТ, аз он ҷумла ҳизбиёни вилояти Хатлон бо масъулияти баланд қабул намуда, ҳамвора дар роҳи пешбурди сиёсати давлат ва таҳкими дастовардҳои Истиқлолият саҳм гузошта истодаанд. Бо ин мақсад, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон пайваста дар миёни ҷомеа, махсусан, дар деҳаву маҳаллаҳо вохӯрӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ташкил карда, мардумро ба амалисозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки пеш аз ҳама ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст, сафарбар намуда истодаанд.

Воқеан, бояд ёдовар шуд, ки он ҳама масъалаҳое, ки имрӯз дар фаъолияти ҳизбиёни вилояти Хатлон ба сифати самти асосии корї қабул шудаанд, ҳамагї ба таҳкими Истиқлолияти давлатї равона гардидаанд.

Саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошад. Айни замон, ки аз 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ истиқбол мегирем, бо назардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳифзи он бештар кӯшиш намоем. Зеро мутаасифона, то ҳануз ҳастанд гурӯҳҳое, ки тоби дидани ваҳдату суботи миллати тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолиамонро ба ҳар роҳу восита мехоҳанд хурд нишон диҳанд.

Ба ин хотир, дар шароити муосири геополитикӣ муҳимтарин иқдоми мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ин мубориза бо унсурҳое чун терроризму экстремизм ва тафриқаандозиву бегонапарастӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз “шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам” изҳори нигаронӣ намуда буданд. Дар ин самт моро зарур аст, бо ёдоварӣ аз таҷрибаҳои талхи давлати Сомониён, ки маҳз бо хиёнати рӯҳониёни асолатбохтаи бегонапараст дарвозаҳои Бухоро ба рӯи душман боз шуд ва мардумро аз мубориза дар роҳи ҳифзи Ватан манъ карда буданд, миллати тоҷик ҳазор сол аз истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллӣ маҳрум монд. Дар давраи навини соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бо дахолати чунин рӯҳониёни асолатбохтаи ватанфурӯш, ки принсипи “дин аз давлат ҷудо”-ро вайрон карда, мехостанд бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷиашон сари қудрат биёянд, наздик буд дубора истиқлолиятамонро аз даст бидиҳем. Тавре мушоҳида мешавад, душманони истиқлолияти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз ин шеваи санҷидашуда умедвор буда, кӯшиш доранд аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонони моро мағзшӯӣ кунанд. Нишонаҳои онро мо дар кӯшишҳои сиёсикунонии дин аз тариқӣ сиёсикунонии ришу ҳиҷоб миёни ҷавонон ҳамчун нишонаи ҳаводорияшон аз ҷараёнҳои бегона дида истодаем. Албатта чунин ҷавонони бетаҷрибаи фиребхӯрда дар шароити феълӣ оқибатҳои даҳшатбори рафтори худро то охир дарк карда наметавонанд. Ин мардону занон, ки бештарашон дар айни камолоти ҷавонианд, таҳти таъсири таблиғоти рӯҳониёни бегонапараст қарор гирифта, воқеоти даҳшатбори дар давлатҳои исломӣ таҳти айнан ҳамин шиорҳо рӯйдодаро дида наметавонанд.

Маҳз дар чунин шароит вазифаи мо ҳизбиён ва фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки ба ин гурӯҳи фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон диҳем ва асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созем. Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву бегонаманишӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, пояҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.

Ҷойи зикри хос аст, ки дар меҳвари арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллӣ меистад, ки онро метавон бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолият номид.  Тамоми сокинони кишвар ин аъзои як оилаи бузурганд ва Ваҳдати миллӣ дар муттаҳидии ҳамаи узвҳои ҷомеа ба вуҷуд меояд. Роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик бисёр як роҳи пурпечу тоб ва сангини оғози солҳои соҳибистиқлолӣ буд.

Як даҳсола ба он сарф шуд, ки миллати тоҷик ба Ваҳдати комил бирасад ва маҳз хиради азалии ин миллат буд, ки тавонист ба рағми ҳама он нотавонбинон дар атрофи Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омада, Истиқлолияти давлатиро наҷот бахшанд.  Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши Истиқлолияти давлатӣ, яъне наҷотбахши миллат шинохта шудааст. 

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози  марҳилаи сифатан нави  рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди  мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне  бунёди давлати  мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди  аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Хушбахтона таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз ӯҳдаи ин вазифаи пурмасъулият, ки дар пасманзари маргу зиндагӣ ба вуҷуд омада буд, сарбаландона баромад.  Дар марҳилаи навбатӣ вазифаи аҳли ҷомеа, хусусан, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз он иборат аст, ки:

 

  • Манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро бештар намоянд;
  • Сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як сокини кишвар ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати Сулҳу Ваҳдатро тарбия намоянд;
  • Ҷомеаро аз хатарҳои муосири геополитикӣ аз роҳи таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва пайдоиши нишонаҳои марҳилаи навини “ҷанги сард” пурра огоҳ созанд;
  • Амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалиро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоянд;
  • Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ ба мардум шарҳ диҳанд;
  • Дар ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомила муносибат ва рафтору гуфтор саҳмгузор бошанд;
  • Ҳисси ифтихор аз ҷашну оинҳои миллиро ташаккул диҳанд ва ғайра.

Биёед барои ободии ин Ватану сарсабзии ин сарзамин софдилона хизмат намоем,

Биёед барои ояндаи дурахшони миллат ба фарҳангу суннатҳои аждодиамон арҷ гузорем,

Биёед барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон нерӯи созандаи худро сафарбар созем.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg