БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!

Ҳамватанони гиромӣ!

Барои мо миллати кӯҳанбунёд мояи ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябр дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландиву сарфарозӣ истиқбол мегирем.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ кулли сокинони кишвар, ба хусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатиро вазифаи муқаддас медонанд ва онро ҳамчун неъмати бебаҳо гиромӣ медоранд. Аз ин ҷост, ки мардуми меҳнатдӯсту бофарҳанг ва хушиқболи вилояти Хатлон ин иди муқаддаси миллиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор ҷашн мегиранд.

Бигзор чароғи нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як фарди Тоҷикистон абадан фурӯзон ва равшангари роҳи фардои нек бошад! Бигзор Истиқлолияти миллати тоҷик абадӣ бошад! Бигзор Истиқлолият марзи номус  ва шарафу ифтихори ҳар фарди озодандешу озодихоҳи ин Ватан бошад!

Иди фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

08.09.2018, ш. Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg