БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф сарчашмаи маърифат аст!

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Маорифчиён»  бо кормандони  ҷавонон ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.

Вохўриро мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Қурбонова  Малоҳат кушода, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро муҳокима кард.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроия Сунатуллоева Мавзуна дар бораи  баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”андешаронӣ намуда,  ҷамъомадагонро барои иштирокд дар озмунҳои ҳизбӣ даъат кард.

        

           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg