БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкили чорабиниҳо дар сатҳи маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Лолазори xамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон оид ба  самтхои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  ва чорабинии фаҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимнан Абдуллоева Шоира ҷамъомадагонро бо фарорасии 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод гуфта,  ба онҳо   зиндагии пурсаодат ва хонаи ободро таманно намуд.

Инчунин, мавсуф  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ,  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мардуми маҳаллии  ноҳияи Шаҳритуз, ки бештари  онҳоро мардуми ӯзбекзабон  ташкил медиҳад, аз ин   ташаббуси  дурандешонаи Пешвои миллат шоду хурсанд буда,  миннатдории хешро изҳор доштанд.

Дар охир  иштирокдорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ,  дидан карда,  ба ҳунари ҳунармандон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg