БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинон фазои поки Ватанро аз ғуборҳои душманон ҳифз мекунем

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҳимов Ҳоким ва Қурбонов Абдурашид хониши сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ва аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешарони карда, ба онҳо   маслиҳатҳои муфид доданд.    

Инчунин, дар ин раванд иқрори  телевизионии яке аз саргардагони ТТЭ ҲНИ  Аёмиддин Сатторов, ки  тарифи шабакҳои телевизионӣ бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» пахш гардидаро  муҳокима  намуда, бори дигар  сокинонро аз хавфу хатарҳои  ҳизбу  ҳаракатҳои  ифротӣ огоҳ карданд.      

Дар охир  сокинон амалҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи  аъзои  ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум карда, зикр намуданд, ки мо мардуми бономуси тоҷик дигарбора фирефтаи   чунин  аблаҳони ношукр намешавем ва намегузорем, ки ғуборе осмони софи моро  осеб расонад.                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg