БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳоду сарҷаъмӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати софдилонаи мо ба хотири ободӣ ва шукуфоии Ватан аст

Н.ХУСРАВ. Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардида   дар  маҳаллаи Ҳайдарободи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯзи ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки  васеъи  аъзои  ҳизб  ва сокинони  маҳалла   бо  мақсади  сафарбар  намудани  аҳолӣ  ва  саҳмгузорӣ дар татбиқи интизориҳои Соли рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ мулоқот  баргузор  гардид.

Сокинони маҳалла вобаста ба тақвияти   соҳаи  сайёҳӣ муаррифии  шоистаи  имкониятҳои   сайёҳии  мамлакат  ва  фарҳанги  миллӣ  дар  арсаи  байналмилалӣ,   намоишгоҳи  ҳунарҳои  мардумӣ ва маҳсулоти  кишоварзиро  ташкил карданд.  

Зимнан  намоишро раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки аз  воситаҳои  ахбори  омма  ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нагинини  дар  ноҳияи  Данғара  бавуқӯъомада, ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид  ва намоиши  телевизионии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» бо  назардошти  иқрори   яке  аз  саркардагони  ҲНИ Аёмиддин  Сатторов огоҳ  шудем. Чи гуна ташкилот будани  ҲНИ-ро тамоми  мардуми  Тоҷикистон  медонанд.   Маҳз  аъзои  ҳамин  ҳизб  дар  солҳои  аввали  Истиқлоияти  давлатӣ   мардуми  ноогоҳро  ба  майдонҳо  кашида, бо  дастури  хоҷагони хориҷиашон талаботи  сиёсии худро  пешниҳод  намуданд.  Имрӯзҳо  ободиву шукуфонии  Тоҷикистон, рушди иқтисодиёт, тинҷию  оромӣ, сулҳу  ваҳдати ба  дастомадаи  мардуми тоҷик таҳти  роҳбарии  фарзанди  фарзонаи    Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон чашми  ангушти ҳасад мегазанд.  Аз  ин  рӯ  мо  сокинони  кишварро зарур ат,   дар  атрофи  Роҳбари давлат сарҷамъ гардида,  нагузорем  душманони  давлату  миллат фазои  тинҷу  ороми  моро  халалдор  намоянд.   

Баъдан вакили  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия   Саидзода  Бозоргул  дар  баромади  худ   қайд  намуд, ки  дар  амал  татбиқ  намудани дастуру супоришҳои  дар  Паёми Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зикргардида  аз ҳар  ки  мо сабру  таҳамул, иродаи  мустаҳкам, иттиҳоду  сарҷаъмӣ, саъю  талоши аҳлона, заҳмати  софдилона, масъулияти  баланд ва  ташаббускориро  тоқазо  менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg