БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву шукуфоии Ватан қарзи мо соҳибватанон аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси деҳаи Сумбула ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Шеров Абдураҳим бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ,  инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози андеша намуда аз ҳозирин даъват кард, ки барои ободиву шукуфоии ватанамон тамоми имкониятҳоро ба роҳи созандагиву ободони равона кунед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg