БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият марҳалаи тоза дар ташаккули афкори миллӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан масъулин дар бораи эъон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ичунин дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ба мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташилотҳои экстремистию террристӣ баромад карданд.

Амали мудҳише, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар назди деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара бо сайёҳони хориҷӣ рух дод аз тарафи ҷамъомадагон сахт маҳкум карда шуд.

Сокини  деҳа Ҳоҷӣ Саидамон Боқиеви 85-сола баромад карда,  минатдории худро ба Пешвои миллат  - Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани нафақа баён кард ва инчунин ӯ даст ба дуо бардошта, Пешвои миллатро дуои хайр  дод.

Дар охир масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумии деҳаи Даштигуло дидан намуда, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал” ва “Тарроҳи беҳтарин” даъват намуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg