БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён масъулияти баланди давлатсозию миллатсозиро бар дӯш доранд

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида, хониши сиёсии навбатиро дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» доир намуданд.

Ташкилоти ибтидоии мазкур кормандони Дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони шуъбаи маркази шуғли аҳолӣ дар ноҳия, кормандони Идораи муҳити зисти ноҳия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ба худ  муттаҳид сохтааст.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, атрофи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ,  аз ҷумла оид ба  раванди дар амал тадбиқшавии се ҳадафи стратегии мамлкат- таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз сарбастагии комуникатсионӣ ва таъмини Истиқлолияти энергетикии мамлакат суҳбат орост. Ҳамчунин, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон имрӯзҳо дар раванди давлатсозию миллатсозӣ қарор дорад, дар ин самт мо ҳизбиёнро зарур аст, ки ҷиҳати бо муваффақона амалишавии он бо масъулияти баланди ҳизбӣ фаъолият намуда, саҳми худро гузорем. Ҳамчунин, иброз намуд, ки дар доираи 14-самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки мақомоти болоии ҳизб муайян намудааст, ҷиҳати ташаккул додани мафкураи миллии мардум дар якҷоягӣ амал карда, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.

Ҳамзамон, дар рафти маҷлис раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg