БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ тарғиб карда мешаванд

ДӮСТӢ. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар яке аз макони таърихии бузургдошти ноҳия Мақбараи ба номи Имом Зайналобиддин ва Осорхонаи ёдгориҳои таърихии он боздид ва вохӯрӣ баргузор гардид. 

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  масъулин сараввал бо иштироки як гурӯҳ аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз Мақбараи Имом Зайналобиддин ва Осорхонаи таърихии он дидан намуданд.

Дар осорхонаи мазкур тамоми нигораҳо ва бозёфтҳои  тааллуқ ба даврони бузургвор ба маърази намоиш гузошта, зоирин ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз ин нигораҳо ва бозёфтҳои таърихии ҳудуди ноҳия дидан менамоянд. Директори Маҷмааи «Мақбараи Имом Зайналобиддин» Назрмуҳаммад Қурбонов зимни суҳбат зикр намуд, ки тамоми ин ободкориҳо бахшиди ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анҷом дода шуданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин ободгариҳои даврони истиқлол мебошанд.

Дар қисмати дуюми вохӯрӣ  бо сайёҳон-меҳмонону зоирин суҳбат ороста шуд. Меҳмонон, ки ба зиёрати бузургвор ва дидан аз Осорхонаи таърихӣ аз ноҳияҳои Данғара, Вахш, Айнӣ, шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар омада буданд, қайд намуданд, ки ин мавзеъ бисёр зебо ва табиати дилкаш дорад. Табиати мавзеъи таърихии зебоманзар бисёр дилкашу диданӣ  буда, диққати сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg