БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуд

ПАНҶ.  Ин навбат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Отчапари ҷамоати деҳоти Озадогон бо иштироки аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» бо ибтикори масъулони  Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия  чорабинии сиёсӣ баргузор шуд.

Ин чорабинии сиёсӣ бо намоиши ҳунари чирадастон ва кадбонуҳо ва бо баромади раиси Кумимтаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Файзиев Каримҷон оғоз гардид. 

Мавсуф зимни суханронӣ  оид ба таҳким бахшидан ба Вахдати миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пшвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва  сафарбар кардани сокинони маҳал  дар ҳалли масъалаҳои созандигию бунёдкорӣ  андешаронӣ  карда шуд.

Ҳамчунин, зимни суханронӣ оид ба сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамон ба Ҷумхурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом расида, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвари ба ҳам дӯст Тоҷикистону Ӯзбекистон зикр гардид.

Дар идома Шомаҳмадзода Музаффар атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, фаъол гардонидани сокинон ва ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани  шиддати бекорӣ  ва фаро гирифтани сокинон бо  шуғл ибрози андеша намуд.   Меҳмонон аз намоиши маҳсули меҳнату заҳмати сокинони  маҳал, ки асосан аз ду миллат тоҷику ӯзбек иборатанд дидан намуданд. Чакандӯзӣ, кӯроқдӯзӣ, муҳрабофӣ, ҷӯроббофӣ, лавозимоти гаҳвораи кӯдак, ҷиҳозҳои хонаи арӯсу домод, маҳсулоти оҳангарӣ, белу каланд, досу кордҳои гуногун, сарпӯши дегӯ дудбаро, аз маҳсулотҳои кандакорӣ, дару тиреза, гаҳвора, табақу қошуқ, дутору най ва амсоли онҳо ва албатта маҳсули меҳнати кишоварзии худро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Ҳамчунин, кадбонуҳои беҳтарин намудҳои гуногуни таомҳои миллиро, ки аз ниёгонамон ба мо мерос монданд, ба ҳозирин пешкаш намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg