БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба озмуни ҳизбии «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ» даъват шуданд

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Боғчаи бачагонаи ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагона» Муродова Марворӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Точикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ, ёрии амали ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва муқовимат бо коррупсия суханронӣ карданд.

Инчунин, дар  идома  моҳияти озмунҳои  ҳизбӣ таҳти унвонҳои  «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин  муаррификунандаи  мавзеъҳои сайёҳӣ», ки  аслан  ноҳияи Мӯъминобод ноҳияи кӯҳӣ ва дорои ҷойҳои таърихӣ мебошад, фаҳмонида, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg