ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Сараввал корманди масъули Кумитаи иҷроия Шаҳло Шомудинова маҷлисро оғоз намуда, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХҲДТ-ро баррасӣ намуд. Бо мақсади ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ, боз ҳам пурзӯр намудани нерӯи ҷавонон, роҳнамои намудани сокинони деҳот ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ва даъвати ҷавонони деҳот ба хизмат дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард.
Дар идома мавсуф инчунин, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи мазкур даъват намуд.