БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ

КУШОНИЁН. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо мардуми  хунарманди  деҳаи  Зарбдори ҷамоати деҳоти Ориён  дар доираи Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад. Занони ҳунарманди ин деҳа пухтани чанд намуди хурокҳои миллиро нишон доданд, ки ба ҳозирин писанд омад.

Дар баробари андешаронӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кeшониён атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили

ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуданд.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд сафарбар карда шавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg