БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодабарии дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ талаби замон аст

КӮЛОБ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Беморхонаи пӯст»  вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҳизбӣ дар  мавзӯъи истифодабарии дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ хониши сиёсӣ  роҳандозӣ шуд.

Дар ин хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилотии ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи пӯст» Муродов Алихон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат Фирӯзи Саидмӯъмин иброз дошт, ки  ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд, яъне ғайримақсаднок ва нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон, моро водор мекунад, ки аз пештара дида ҳушёртар бошем, зеро таблиғгарони ташкилотҳои ифротию иртиҷоӣ маҳз аз ҳамин роҳ кор гирифта, ҷавонони моро гумроҳ карда, ба сафи ташкилотҳои террористӣ шомил мекунанд. Аз ин сабаб мо ҳизбиён кӯшиш мекунем, ки дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Дар фарҷом роҳбари ташкилотии ибтидоӣ «Беморхонаи пӯст» Муродов Алихон аз ҳамаи ҳозирин хоҳиш намуд, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, худ ва наздиконашонро ба роҳи дурусти истифодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ талқин намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg