БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият - дастоварди беназир дар тӯли таърих

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок  ва суханронӣ намуд.

Зимнан Каримов Пирмуҳаммад доир ба мавзӯъҳои “Истиқлолият ҳамчун дастоварди таърихӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО ва БПНМ, солимии ҷомеа - ҳастии миллат мубодилаи афкор кард.

Инчунин, дар идома қайд гирдид, ки  Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик дастоварди бузург дар тӯли таърих маҳсуб мегардад. Маҳз заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат буд, ки мо ба Истиқлолияти давлатӣ расидем. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ заминаи воқеии шинохт ва эътирофи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари мустақил гардид. Бо чунин як арзиши олӣ, доштани Истиқлолияти давлатӣ мебояд дастовардҳои замонро ҳифз намуда, дар заминаи он ба дастовардҳои бузург расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg