БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳҳо пайвандгари қалбҳо мебошанд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз » тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок намуд.

Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ баромад намуда,  аз ҷумла оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии шаҳрвандон аз ин гурӯҳои андешарони карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат иброз карда шуд, ки  имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон сарбаландона зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон кору зиндагӣ карда, барои раисдан ба ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат заҳмат кашида истодаанд. Иштирокдорон қайд доштанд, ки моро месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем.

Сипас, масъулин ва иштирокдорон атрофи сазовор ҷашн гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg