БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳбудии рӯзгорамон аз худи мо вобаста аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Калинини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Мардум чодарҳои чаканро овезон карда, ҳунарҳои дастии худ ва маҳсулоти кишоварзӣю хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд.

Зимни он раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТдарноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Алиев Зафар иштирок ва баромад намуданд.

Дар кишваре, ки он ҷо сулҳу субот ҳукмфармост дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, маориф ва фарҳанг рушд мекунанд. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо метавонем фарҳангу маънавиёти миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Ин қадами ғайричашмдошт ва деринитизори ҳунармандон аст. Зеро, ин иқдоми Сарвари давлат боиси ба миён омадани мактаби ҳунармандӣ ва истеъдодҳои нав дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мегардад, чунин қайд доштанд дар баромади худ кормандони масъули ҳизбӣ.

Чорабинии мазкур бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg