БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият рамзи хушбахтиву саодати насли ҷавони миллати тоҷик аст

ПАНҶ. Ин навбат бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ташкилоти ибтидоии «Мавзуна Чориева»-и назди мактаби варзишии  ноҳия бо иштироки омӯзгорон ва мурраббиёни ин мактаб  хониши сиёсӣ сурат гирифт.

Нахуст,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва ба варзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии сокинон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон ва барҷомондагон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ суханронӣ  намуд.

Инчунин, Шомаҳмадзода Музаффар ва Комилов Сироҷиддин зимни баромад оид ба дастовардҳои  27 -соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар ин муддати соҳибихтиёри Тоҷикистон  ба чӣ гуна пешравиҳо  ноил гашта,  зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон рӯз ба рӯз рушд ёфта, ободу шукуфон гашта истодааст. Ин ҳама пешравиҳо баҳри зиндагии  шоистаи мардум буда, сокинон лоиқи зиндагии босаодат ва орому осуда мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg