БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият муқаддастарин ҷашни давлатии мост!

КУШОНИЁН.  Дар вохӯрӣ бо раисони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо иштироки  мудирони шуъбаҳои кор бо занону ҷавонони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Шомалангова Миҷгона ва Асроров Саидшо қайд карда шуд, ки дар самти шинос намудани сокинон  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон ҳизби мо диққати махсусро равона кардааст. Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ гузоранд.

Иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg