БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгарди дар ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ”  хониши сиёсӣ гузаронида шуд,  дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов дар баробари шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар бораи роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароии хушунатомез, коррупсия ва пешгирии бемориҳои сироятӣ муфассал истода гузашт. Кормандони соҳа озмоишгоҳи бойториро, ки  имрӯз назорати бехатарии тамоми маводи озуқаворӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, ба фаъолияти пурмаҳсулу бенуқсон даъват намуд. Гӯшрас кард, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осон ва камхарҷтар мебошад. Ҳамчунин онҳоро ба он даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза бо терроризму экстремизм ба мақомотҳои  қудратӣ ҳамкори намоянд.

Як қисмати суханронии  Саидҷалол Сатторовро баромади ошкорои яке аз саркардагони ҳизби террористии ҲНИ, мубалиғи ин ҳизб Аёмиддин Сатторов ташкил дода,  қайд намуд, ки ҲНИ то имрӯз фаъолияи террористии худро хотима набахшидааст ва чи тавре Аёмиддин  Сатторов дар баромади телевизионии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” иброз дошт, Кабирӣ ва думравонаш  то имрӯз маблағгузорони ин ҳизби хунхорро умедвор менамоянд, ки  барои иҷрои дастуру супоришҳои онҳо аз тамоми роҳҳо истифода менамоянд.

Дар хониши сиёсӣ Саидҷалол Сатторов дар бораи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои нек ва самаровар анҷом пазируфт, маълумот дод.

Дар анҷом ҳизбиён Н. Шарифов, У. Искандаров, Ш. Мирзоев ва чанде дигарон баромад намуда, амали террористии  нисбати сайёҳони хориҷӣ  дар ноҳияи Данғара рухдодаро маҳкум намуда, дар мубориза ба ин амали ғайриинсонӣ  омодагии худро иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg