БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон- хонаи умеди мост!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Лангардара  бо кормандону  ҷавонон ва фаъолони ҳизб дар дещот доир гардид. Масъулин  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ  намуданд.

Вохӯриро  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Назарзода Толибҷон кушода, доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳодисае, ки аз тарафи хоинони Ватан  ба ҷониби сайёҳон дар ноҳияи Данғара шуда буд,  суханронӣ намуд. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии «Лангардара» Одиназода Муродалӣ  дар бораи терроризм, экстремизм ва пешгирӣ аз  шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои тундгаро суханронӣ намуда, ҷавононро таъкид  кард, ки  ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд ва нагузоранд, ки ягон нохалафе  бо ниятҳои нопок ба кишвари мо ворид шавад, чунки Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи мост.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg