БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маорифчиён қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Маорифчиён»-и ноҳияи Шахритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода  Абдукарим Носир бо кормандони соҳаи маориф   ҷамъомад бахшида ба соли нави хониш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мактабу маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби духтарон ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ  мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Дар охир  Носирзода  Абдукарим  устодону омӯзгоронро барои вазифаи пурмасъулияти омӯзгорӣ барору комёбиҳо таманно намуда, дар вазъияти тантанавӣ  ба 10 нафар фаъолон, ки дар амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда  гузоштаанд, бо   Сипосномаҳои    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Шаҳритуз  сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg