БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи табиат қарзи ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст аст

ҶАЙҲУН.  Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зисти ноҳия» вохӯрии судманди ҳизбӣ дар мавзӯъи «Ҳифзи табиат қарзи шаҳрвандии ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст аст» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидзода Фарҳод доир гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул баромад намуда, иброз дошт, ки инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе неъматҳои табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст. Бе об ҳаёт нест. Об ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, набототу растанию ҳайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши ҳар як мавҷудот ба об вобаста аст. Хок чун ҳастии бузурги табиат, эҳёгари тамоми мавҷудоти олам аст. Ин сарвати бузург имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастии аз он пурбор гардида, тамоми растаниҳо дар он рӯянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ба бор оранд.

Боду ҳавои тозаву озода манбаи осоиши самимии ҷисмҳои зиндаи рӯи замин аст. Аз ҳавои тоза нафаси озоду бароҳат мегирем, нашъунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагӣ мекунем ва месазад шукргузори ин сарзамини муқаддас бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg