БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон: бигзор хоинон донанд, ки онҳо ҳаргиз ба мақсадҳои нопокашон намерасанд

Н.ХУСРАВ. Бо  ибтикори  бахши  ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони  Ватан “  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    дар  маҳаллаи   Сангобаи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  иштироки   васеъи  ҷавонону  наврасон  ҳамоиши ҳизбӣ  баргузор  гардид.

Вохӯриро   роҳбари  намояндагии ТҶҶ   “Созандагони  Ватан  “  дар  ноҳия  Остонақулов  Шодмонбек  ифтитоҳ  намуда,  қайд  кард, ки  воқеаи фоҷиабори  ноҷавонмардонаи  як  гурӯҳи  ифротгаро ва  хиёнаткоре,ки  дар  ноҳия  Данғара  ба  ноором кардани ҷомеаи  Тоҷикистон ва  паст  кардани   обрӯву эътибори  Ватанамон дар  арсаи  байналмилалӣ  равона шуда буд, мущокима карда онро иштирокдорон сахт  маҳкум карданд. 

Аз ҷумла қайд карданд, ки мо  ҷавонон намегузорем дигарбора чунин амалҳои зишту нангин дар Ватани биҳиштосои мо тақрор ёбад. Ташкилкунандагону   иҷрокунандагони  чунин амалҳо  душманони  халқи тоҷик  ва  тоҷикистониён, хоинони  давлату миллати мо   мебошанд, ки  пешравию  ободии ин  Ватанро дидан  намехоҳанд. Мо  ҷавонони бонангу орои миллат   ин  амали  зишту  нангини  душманону  хоинони  миллатро  сахт  маҳкум  карда, дар  таҳкими  сулҳу  субот, пешрафту шукуфоии босуръати  соҳаҳои  хоҷагии халқ даст  ба  дасти  ҳам  дода,  фидокоронаву  собитқадамона меҳнат  карда,  Ватанамонро  боз ҳам ободтару зеботар намуда, дар паҳлӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кӯшиш менамоем, ки Тоҷикистони азизро дар  қатори дигар давлатҳои  абарқудрат ҷой диҳем.   Бигзор  хоинон донанд, ки онҳо  ҳаргиз  ба  мақсадҳои  нопокашон  намерасанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg