БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаҳмонидани мардум аз моҳияти дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо дар ҷомеа

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ  масъулин  доир ба масъалаҳои болозикр андешаронӣ карданд.  

Масъулин дар идомаи суҳбат  зикр карданд, ки   мақсад аз баргузории  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  обод кардани  маҳалли зист,  дасти кӯмак дароз намудан  ба шахсони ниёзманди ҷомеа,  фароҳам овардани  шароити хуби зиндагӣ  бо ҷалби шахсони хайрхоҳу  саховатманд мебошад.

Дар охир  иштирокдорон  суханрониҳои судманди масъулинро ҷонибӣдорӣ карда, иброз доштанд, ки  минбаъд кӯшиш мекунем он маблағҳое, ки дар маъракаҳои азодорӣ сарф мекардем, барои обод кардани  як гӯшаи диёр  харҷ кунем ва ба  шахсони муҳтоҷу ниёзмандӣ ҷомеа  кӯмак расонем.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ  ҳамагон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати занону бонувони ҳунарманду  кадбонӯ баҳои  баланд доданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg