БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯмак ба эҳтиёҷмандон дар заминаи Аксияи ҳизбии “Мактаб-даргоҳи маърифат”

ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади дастгирию кӯмаки оилаҳои эҳтиёҷманд дар арафаи соли нави хониши 2018- 2019 ва 27 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб даргоҳи маърифат”-ро доир намуда ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзмандро бо либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин намуданд.

Кӯдакони ниёзманд аз ин дастгирӣ хушнуд гардида, парасторони онҳо барои чунин ғамхорӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва шахсони саховатманд изҳори миннатдорӣ  баён карданд.

Дар доираи ин  Аксияи ҳизбӣ  пеш аз оғози соли нави таҳсил дар суҳбату хонишҳои доиркардашуда дар деҳоту ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълим, инчунин ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон корҳои муайян иҷро карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg