КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи тасдиқгардида дар маҳаллаи Нурбахши шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиш кормандони масъули ҳизбӣ, мудири шуъбаи кор бо занон, ҳамзамон роҳбари намояндагии «ТҶҶ Созандагони Ватан» Мунаввараи Бозоралӣ ва Файзуллоев Алишер мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин намоиш қайд гардид, ки бо гузаронидани чунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ мо ҳизбиён метавонем аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумат ва хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, мардумро барои пойдории сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ даъват намоем.
Илова бар ин, масъулин аз хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ ва нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози андеша намуданд.