БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф сарчашмаи маърифат, омӯзгор шахси мӯътабар аст!

ДӮСТӢ. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти умумии №1 бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия ва Кумитаи падару модарон вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ и.в.раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, Оинномаву Барномаи ҳизбӣ, инчунин ҷалби бештари аъзои ҳизб аз ҳисоби омӯзгорон андешаронӣ намуд.

Инчунин,  доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» пешниҳод гардид, ки волидайн аз рафтору кирдори фарзандони худ бохабар бошанд. Бори дигар ба хотири иштирокчиён ҳодисаи рухдодаи ноҳияи Данғараро оид ба қатлу куштори сайёҳони хориҷиро мисол оварда, афзуд, ки  бештари ҷавонон бо истифода аз технологияи муосир тариқи  шаббакаҳои иҷтимоӣ вориди сомонаҳо гардида, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мепаванданд, худро ба доми макру фиреби онҳо ғарқ месозанд.   

Дар идома мавсуф  оид ба иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» ёдовар шуда, зикр кард, ки масъулинро лозим аст, иҷрои нақшаи обунаро дар муҳлати муайянгардида ба иҷро расонем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон иброз доштанд, ки  мо кулли омӯзгорон ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро дастгирӣ намуда, ҳамеша ҷонибдори сиёсати  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобан ба ин ғамхорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас тамоми кӯшишҳои худро равона месозем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg