БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолияту амният ва осудагӣ бузургтарин неъмат барои халқи тоҷик

ВОСЕЪ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти  ба номи Абдӣ Авазови ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар суҳбат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила дар бораи хавфу хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи имрӯза  сухан ронда, қайд намуд, ки имрӯз мардуми сайёра дар як шароити душвор зери таҳдид ва хавфу хатари терроризму экстремизм ва дигар амалҳои тундгаро зиндагӣ менамоянд. Чунин таҳдид ба ҷумҳурии мо низ таъсири худро расонида истодааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки бояд дар бораи терроризму ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро маълумот дошта бошем ва роҳҳои мубориза ба онҳоро донем.

Ҳамзамон, раиси ҷамоати мазкур иброз намуд, ки даврони Истиқлолият барои мо мардуми тоҷик имкони воқеъӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо кӯшиш менамоем то аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо канорагирӣ карда, насли ҷавонро дар руҳияи ватандориву хештаншиносӣ, худогоҳиву миллатдӯстӣ тарбия кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg