БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як фарди тоҷик аст!

ВАХШ. Бо  ташаббуси кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар маҳалаи Балҷувони ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангӣ ва  намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок ва суханронӣ намуда, зикр кард,ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо буда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои миллати тоҷик як ҳадяи бузург аст, ки тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон аз нав бо рангу шакли такмилёфта эҳё мегарданд.

Мардуми маҳаллаи Балҷувон намунаҳои дасранҷи ҳунарҳои худро ба маърази намоиш гузошта, диққати иштирокчиёни чорабиниро ба худ ҷалб намуданд. Сарояндагону навозандагони ҳаваскори маҳалаи мазкур дар назди мардум ҳунарнамоӣ намуда,  хотири иштирокчиёни чорабинии мазкурро шод карданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо эҳё ва ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як фарди тоҷик мебошад ва муарифии ҳунарҳои  мардумӣ таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба кишвари мо ҷалб менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg