БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саховатмандӣ аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад

БОХТАР. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ бо ҷалби фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  иқдомҳои неку ватандӯстонаро  ба анҷом мерасонад.

Ин навбат  дар доираи баргузории  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи  маърифат»  бо ҷалби узви фаъоли ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳом  Раҳматов дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок дошта,  омӯзгорону толибилмонро бо оғози соли нави таҳсил табрику гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъулияти омӯзгорӣ комёбиҳо орзу карданд.  

Пас аз суханрониҳо  соҳибкорӣ маҳаллӣ Илҳом  Раҳматов ба  60 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа  ҷузвдони мактабӣ ва ашёи хониш  тақдим карда, ба онҳо  дониши аъло таманно намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg