БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдоми ватандӯстонаи ҳизбиён дар партави Аксияи ҳизбии “Мактаб-даргоҳи маърифат”

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи маърифат»-ро дар маҳаллаи Саноати ҷамоати деҳоти Узун баргузор намуда ба 5 нафар хонандагони синфи 7 ва 3-юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро бо лавозимоти хониш таъмин намуд.

Дар Аксияи ҳизбии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон иштирок ва суханронӣ намуда, омӯзгорону хонандагонро ба оғози соли нави хониш ва Дарси сулҳ табрику шодбош гуфта, ба хонандагон дониши хубу аъло таманно кард.

Иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори аввал набуда, дар арафаи иду ҷашнҳо кӯшиш ба харҷ мендиҳад, ки чунин анъанаҳои неку ватандӯстонаро бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg