ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаҳои Туғул ваТудабоёни ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 20018-2028», фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷалобӣ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон андешаронӣ карданд.
Инчунин, масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони деҳа бо шукргузорӣ аз фазои тичу ороми кишвар бо маҳорати баланд маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, ба онҳо барои ташкили чорабинии фарҳангӣ ва дар амал татбиқ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.