БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беэътиноӣ ба фаҳанги хеш ва бегонапарастӣ боиси маҳв шудани миллат мегардад

КӮЛОБ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, мутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳакимова Фарзона  ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и минтақа” Ситамов Шодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ  баромад намуда қайд кард, ки  Тоҷикистон бо шарофати таҳкими  Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дошта, як ҷузъи таркибии фарҳанги  миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, риоя кардани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва ба бар  намудани он барои ҳар як соҳибватан шараф аст.

Зимнан Ҳакимова Фарзона иброз намуд, ки таърихи инсоният нишон медиҳад, ки беэътиноӣ ба фаҳанги хеш ва бегонапарастӣ боиси маҳв шудани миллатҳо мегардад ва дар ин маврид  моро зарур аст, ки аз зоҳирпарастӣ даст кашем. Мутаассифона имрӯзҳо бархе аз ашхосе ёфт мешаванд, ки аз таърихи гузаштаи худ бехабар, дар  ҷомеаи кунунӣ аз пайи ҳавову ҳавас рафта,  ба фарҳанги бегона тақлид мекунанд.

Дар фарҷом қайд гардид, ки иффату озодагии занони мо бозгӯӣ он аст, ки дар домони худ нобиғаҳоеро ба камол расонидаанд, ки дурдонаҳои пурҷилои маҳзани илму фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg