БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” татбиқ шуда истодааст!

ДӮСТӢ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳринав»-и деҳаи Шаҳринави ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия  оид ба  корҳои ободониву созандагӣ боздид ба амал оварданд.

Бояд гуфт, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи мазкур роҳҳои дохили шаҳрак аз нав мумфарш гардида истодаанд.

Ин ободгароиҳо бо дастгирии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони шаҳрак сурат гирифта, дар марҳилаи аввал 2 километр роҳ бо сифати баланди меъморӣ мумфарш гардид, ки рафтуомади воситаҳои нақлиёти сокинонро осон гардонид.

Дар баробари ин, дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои фарсудашудаи дохили шаҳраку деҳотро мумфарш ва аз таъмири хушсифат бароранд.  Дар доираи баргузории Аксияи номбурда бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар  ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ  бо маром ҷараён дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg