Ҷ. БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вохӯрӣ баромад кард. Тавре иброз дошт, боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар чандин қонунҳои миллӣ ба тавсиб расиданд. Аз аз ҷумла тайи даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар карани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати аҳли ҷомеа мебошад.
Илова бар ин, мақсад аз қабули қонуни мазкур ин баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ арзёбӣ карда шуд.