А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёти нав»-и деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳия оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни суханронӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо андешаронӣ карда, аз сокинон барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ, ки ба некӯаҳволии мардум ва ободии Ватан равона карда шудааст, даъват ба амал овард.