Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии кооперативи Файзулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсии ҳизбӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба иштирокдорон тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.