БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо бозичаи бозиҳои ифлоси охундҳои эронӣ гаштаанд

ВОКУНИШ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, муносибатҳои духура нисбати ин омилҳо ва вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Тоҷикистон давлати демократӣ буда, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаъолият менамоянд. Давлат барои ҳар як ҳизб имконияти баробари иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ додааст.

Аммо бархе аз гурӯҳҳои бадхоҳу ҷиноятпеша ин имкониятро ҳамчун маҳаки ташвиқоту таблиғот барои расидан ба манфиатҳои нопоки худ истифода бурданд.  Дар ин радиф ТТЭ ҲНИ  мехост, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ба сари қудрат омада Тоҷикистонро ба хоҷагони хориҷиаш таслим кунад. Аммо хушбахтона ба мақсади нопокаш нарасид. Дар ин радиф, фаъолияти 16 ташкилотҳои террористию экстрекмистии дигар ба монанди «Ҳизб- ул таҳрир», «Ал-қоида», «Гурӯҳи-24», «ДОИШ» ва ғайра дар Тоҷикистон манъ карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар барои фаъолияти минбаъдаи ҲНИ зарурият намонд. То имрӯз рӯҳониёни исломии асил низ ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Саркардагони ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд ва режими террористии охундҳои эронӣ онҳоро пуштибонӣ карда истодаанд. Охундҳо медонанд, ки ин тоифа хоинон бо иҷро кардани ҷиноятҳои вазнин мехоҳанд дубора  Тоҷикистонро ба ҷанг кашанд. Исботи ин гуфтаҳо иқрори яке аз саркардагони ҲНИ Аёмиддин Сатторов дар намоиши телевизионии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» мебошад. Ӯ аз кардааш пушаймон аст ва аз иқрори ӯ маълум мешавад, ки бо нақша ва роҳбарии саркардагони Эрону ҲНИ дар Тоҷикистон амалҳои ҷиноятӣ ва хоинона тарҳрезӣ шуда, бо дасти худи мардум иҷро карда мешуданд.

Ин ҳама амалҳои бадхоҳанаи хоинони миллат, ки ба хотири халадор намудани суботу оромии кишвар анҷом дода мешаванд, тамоми мардуми кишварро ба изтироб овардааст. Махсусан, ҳодисаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳия Данғара боиси таасуф аст. Чаро ҷавонони ноогоҳ ба фитнаву дуруғу дассаҳои душманони миллат дода шуда, ин амали нобахшиданиро иҷро намуданд?! Ин амалҳо ҳар каси бедордил ва боақлу идрокро бетараф намегузоранд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз тадбирҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм ташаккули пойгоҳии ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳурот мебошад, ки дар кишвари мо алакай корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодаанд.

Аз тадбирҳои дигари пешгирии терорризм ва экстремизм метавон муайян намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва аз байн бурдани чунин сабабу шароитҳо мебошад. Баъзан ҷавонон аз сабаби надоштани саводи кофии динӣ, дур мондан аз тарбия ва назорати падару модар, сӯҳбат бо шахсони ифротӣ дар масҷидҳо, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада ба доми бало меафтанд, ки дар сурати ислоҳ шудан давлат шароити авфи онҳоро муқаррар кардааст.

Шабакаи ҷаҳонии интернет имрӯз ба яке аз манбаҳои асосии паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба муҳорибаҳои ҷангӣ муббадал гаштааст. Мутаассифона шабакаҳои иҷтимоӣ барои роҳандозӣ намудани ҳамлаҳои густурдаи иттилоотӣ ба тафаккури мардум имконият фароҳам овардааст.

Аз самтҳои дигари муҳими мубориза бо терроризм ва экстремизм ин сари вақт ошкор намудан ва тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ба чунин ҷиноятҳо дастзада мебошад.

Новобаста ба ин тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз шомили кадом дину миллат буданашон шукрона аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз менамоянд. Мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон абадӣ боқӣ бимонад ва истиқлолияташ умри бепоён дошта бошад.

Музаффар Шомаҳмадзода, узви ҲХДТ аз ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg