БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдоми ватандӯстонаи ҳизбиён дар партави Аксияи ҳизбии “Мактаб-даргоҳи маърифат”

Ш.ШОҲИН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи дониш  ва дар доираи баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи маърифат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати деҳоти Шӯрообод ба 50 нафар хонандагони синфи 1-ум лавозимоти хонишро туҳфа намуд.

Дар Аксияи ҳизбии мазкур  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ва мутахассиси ҳамин шуъба Қурбонова Малоҳат иштирок ва суханронӣ намуда,  омӯзгорон, хонандагон ва волидонро ба оқози соли нави хониш ва Дарси сулҳ табрику шодбош гуфта, ба онҳо  фаъолияти пурсамар ва дониши хубу аъло таманно карданд.

Иқдоми  неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  бори  аввал набуда,  дар арафаи  иду ҷашнҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  чунин анъанаҳои неку ватандӯстонаро  бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg