БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманд ба озмунҳои ҳизбӣ даъват гардиданд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Хокаки ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ Абдуллоева Шоира  дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал», «Тарроҳи беҳтарин»  ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ҳарф зада, сокинонро,  ки бештари  онҳоро занону бонувони ҳунарманду чирадаст  ташкил медод, барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва ишғоли ҷойҳои намоён давъат намуд.

Дар охир  ҳунармандон намоиш ҳунарҳои мардумиро ба намоишгоҳ бароварданд, ки аз маҳорати баланди  занону бонувони ҳунарманд иштирокдорон дидан карда, бори дигар аз ҳунарҳои қадимае, ки аз ниёгон ба мо ба мерос мондаанд,  шинос гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg