А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимони кулл, фарзандон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва кӯдакони маъюб дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Қодиров Шаҳром хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия, ки аз оилаи ниёзманд мебошад, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо дастгирии яке аз аъзои фаъоли ҲХДТ, корманди Раёсати агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Музаффар Маҳмуродов бо сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш таъмин карда шуд. Дар ин рӯз аз иқдоми неки ҳизбиён Қодиров Шаҳром руҳбаланд гардида, афзуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу малакаи хешро сайқал дода, дар оянда чун вориси сазовори Ватан ба давлату миллат содиқона хизмат менамояд.