ПАНҶ. Хониши сиёсӣ дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Сино» оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шарҳвандон баргузор гардид.
Нахуст Файзиев Каримҷон хониши сиёсиро оғоз намуда, ҳозиринро бо самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ шинос намуда, ҳамзамон оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал эълон кардани соли 2018 суханронӣ намуд.
Дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Дар идома сардухтури Маркази саломатӣ Ҳандалаев Зафар дар бораи сабабҳои сироят ёфтан ва сарчашмаҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки имрӯз бештар кӯдакон мубталои он мешаванд муфассал маълумот дода, оиди роҳҳои пешгирӣ ва роҳҳои табобати онҳоро ба ҳозирин фаҳмонида дод.
Дар рафти хониши сиёсӣ суханрониҳои судманди бармадкунандагонро иштирокдорон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал менамоем!» хело бамаврид аст, мо кормандони соҳаи тиб Аксияи ҳизбии номбурдаро ҷонибдорӣ карда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар корҳои созандагиву ободонӣ ва беҳдошти солимии миллат саҳми босазо хоҳем гузошт.