КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кушониён дар китобхонаи ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба моҳияти Истиклолияти давлатӣ ва дастовардҳои бузурги он хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар идомаи суҳбат атрофи дастовардҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 27 сол ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди содиқи Ватан ба даст омадааст, андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри неъмати бебаҳо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон даъват ба амал оварданд.