КӮЛОБ. Субҳи 1-сентябри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба соли нави хониш чорабиниии идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва муовини ҷамоати деҳоти Зиракӣ Аҳророва Дилафрӯз, инчунин омӯзгорону падару модарони толибилмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал директори муассисаи мазкур Ҳакимов Қадамшо ҳозиринро ба соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуда, иброз дошт, ки умедворем соли хониши 2018-2019 барои толибилмону шогирдон ва омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 соли бобарор бошад.
Дар идомаи вохӯрӣ Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки дар фазои сулҳу ормии Ватани азизамон дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар Рӯзи дониш ботантана таҷлил мегардад.