ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кӯмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳринав»-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷӯмҳӯрии Тоҷикистони ноҳия оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал инчӯнин, вобаста ба амалҳои бадхоҳонаи хоинони давлатӯ миллат, ки ба хотири халалдор намӯдани сӯботӯ оромии кишвар анҷом дода истодаанд ва навори видеоие, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ аз ҷониби Аёмиддин Сатторов яке аз саркардагони ТТЭ ҲНИ намоиш дода шӯд, вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонов Абдулҳафиз иштирок дошта доир ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат аз ҷамъомадагон ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои миллӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” даъват ба амал овард.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» фаҳмонида шуд, ки аз тарафи сокинон якдилона дастгирӣ ёфта, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Пиримов Мӯсо ва Барзӯнов Қосим иброз доштанд, ки 2 синфхонаи иловагиро то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода медиҳанд.